​Кафедраи экология ва ҳифзи табиат

Телефон барои маълумот

Кафедраи экология ва ҳифзи табиат баъд аз якҷояшавии кафедраи геоэкология бо кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими он (1996) таъсис ёфта, минбаъд кафедраи биологияи умумӣ ва ҳифзи табиат унвон гирифта, аз соли 2011 инҷониб кафедра бо номи ҳозира дар ҳайати факултети геоэкология ва туризм амал мекунад.

Фаъолияти таълимӣ, илмӣ, методӣ ва тарбиявии кафедраро давоми солҳои гуногун профессорон Очилов Ҳ.F., Абдураҳимов С.Я., Каримов С.Б., дотсентон Fаффоров F., Аминов М.Ҳ., Очилова Ф.Ҳ. ва Абдухолиқзода М.А. роҳбарӣ намудаанд. Алҳол, вазифаи мудири кафедраро аз соли 2016 инҷониб дотсент Собиров М.С. иҷро менамояд.


Ҳоло дар кафедра 4 нафар дотсент, номзадҳои илм, 3 нафар муаллимони калон, 2 нафар муаллим ва 5 ассистентон фаъолият менамоянд. Таҳқиқотҳои илмӣ дар самти ҳалли масъалаҳои муосири экологӣ, аз қабили такомули мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ташхиси усули ғайримутамаркази иншоотҳои партовобтозанамоӣ бо майдончаи худҷаббиши фитомуҳандисӣ, усулҳои безараргардонии партовобҳои маишӣ ва истеҳсолӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар назди кафедра Маркази ташхиси экологӣ бо озмоишгоҳи таълимӣ – ташхисӣ амал менамояд, ки дорои таҷҳизоти муосири лабораторӣ мебошад. Дар ин самт устодони кафедра бо Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Тоҷикистон ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Дастпарварони кафедра дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, раёсатҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, марказҳои машваратӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра пурмаҳсулона фаъолият менамоянд.