Маҳфили илмӣ таҳти унвони «Рисолати созандаи Паём» бахшида ба омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат

Бо мақсади таъмини тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23.12.2022 дар қишрҳои мухталифи ҷомеа санаи панҷуми январи соли 2023 дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм маҳфили илмӣ таҳти унвони «Рисолати созандаи Паём» бо иштироки зиёда аз25 нафар устодон ва кормандон баргузор гардид.

Дар маҳфили илмӣ дотсентону омӯзгорон, магистрантони кафедраҳои факултетаз ҷумла декани факултет, дотсент Абдухолиқзода М.Д, муовини декан оид ба таълим Ҳайдарова М.М., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Гуфранов М.С., муовини декан оид ба тарбия Тиллоев Н.., мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим дотсент Ғуфронов Д.Н., мудири кафедраи географияи табиӣ Абдураҳимова М.М. иштирок доштанд.

Маҳфили илмиро декани факултет, дотсент Абдухолиқзода М.Д. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Сипас, и.в. мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С. дар мавзӯи «Паём-меҳвари рушди иқтисодиёт" баромад намуда, қайд кард, кидавоми даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон соҳиби дастовардҳои назаррас дар соҳаи иқтисодиёт гардидааст, ки боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва баланд рафтани накӯаҳволии онҳо гаштааст.

Баъдан, муаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиат Ҳакимхоҷаева М.А., дар мавзӯи "Вазъи кунунии омӯзиши пиряхҳоиҶумҳуриии Тоҷикистон" баромад намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ироаи Паёми навбатӣ оид ба обшавии бо суръати пиряхҳо ва ҳифзи минбаъдаи пиряхҳо ибрози ақида намуда,оид ба қабули ҚатъномаиМаҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, аз санаи 14-декабри соли 2022, ташаббуси панҷумини Тоҷикистонро дар соҳаи об эълон намуданд. Тибқи ин Қатънома "Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва ҳар сол рӯзи 21-март чун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешаванд.

Дар идомаи маҳфил ассистенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Шарипова С.В. дар мавзӯи "Натиҷаҳои пешакии саноатикунониибосуръатикишвар дар ҳошияи Паём" баромад намуда, қайд кард, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Пас аз ба анҷом расидани маърӯзаҳо дар охир мубодилаи афкор байни омӯзгорон суръат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ