​Таҳкими маърифати экологӣ

Донишҷӯёни ихтисосҳои “экологияи умумӣ” ва “экологияикишоварзӣ”-и факултети геоэкология ва туризм бо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Ин ташаббус дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқоти мазкур сармутахассиси Раёсати экспертизаи экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов васардори шуъбаи Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, номзади илмҳоиитехникӣ Мӯъминов ширкат намуданд.

Дар кори мулоқот ба донишҷӯён муҳтавои асосии ПаёмиПешвои муаззамимиллат ҷиҳати тоза намудани муҳити атроф аз партовҳои истеъмолӣ, кабудизоркунии мутаассили маҳал, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, баландбардории маърифати экологииаҳолӣ шарҳ дода шуд.

Суолу ҷавоб ва табодули афкор ҷиҳати таҳкими маърифати экологӣ ва донишу сатҳи маълумотнокии донишҷӯён замина гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ