Маркази иттилоот ва таҳлил

Телефон барои маълумот

Маркази иттилоот ва таҳлили Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, 23-юми майи соли 2011 таъсис ёфтааст.

Давоми фаъолият дар садорати Марказ як қатор кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони кордону соҳибтаҷриба ифои вазифа намудаанд. Аз ҷумла, рӯзноманигори шинохта Набиюллоҳ Суннатӣ (11.2011-09.2012), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назирҷон Пўлотов (01.2013-12.2013), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмури Юсуфзод (12.2013-04.2017) ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Киромиддин Мухторов (04.2017-08.2018) ҷиҳати пешбурди фаъолияти Марказ саҳми муассир гузоштаанд.

Шуруъ аз моҳи августи соли 2018 то ҳол дар вазифаи сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев фаъолият дошта, дар самти тарғибу ташвиқи фаъолияти донишгоҳ, пур намудани фазои иттилооотӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот ва ҷоннок намудани робита бо ҷомеа нақши бориз мегузоранд.

Марказ қаблан дафтари матбуот ном дошта, аз замони таъсисёбӣ аз рўи сохтори фаъолияти донишгоҳ мустақиман ба ректори донишгоҳ тобеъ аст. Маркази иттилоот ва таҳлил пояи ҳуқуқии фаъолияташро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар самти фаъолияти васоити ахбори умум, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд, фармоишҳои ректори донишгоҳ, низомномаи Маркази иттилоот ва таҳлил ва ғайра ба роҳ мондааст.

Фаъолияти Марказ мустақиман бо ректори донишгоҳ ва дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои донишгоҳ, факултетҳои он, сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти Марказ дар асоси нақшаҳои солона, моҳона, ҳафтаина ва дастуру супоришҳои бевоситаи ректори донишгоҳ танзим карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки Марказ баробари фаъол намудани сомонаи донишгоҳ (www.hgu.tj) дар баробари таъмини дастрасии иттилоот, инчунин дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Ҳамкории Марказ бо воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ торафт вусъат гирифта, маводи сомонаи донишгоҳ дар саҳифаҳои оҷонсиҳои иттилоотӣ ва дигар анвои расонаҳои хабарӣ ба сифати манбаъи муътамад мавриди истифодаи фаровон қарор дорад.

Бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотии донишгоҳ ва мутобиқ будан ба меърёҳои байналхалқии равобит бо ҷомеа моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби кормандони Маркази иттилоот ва таҳлил сомонаи расмии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз нав бо тарҳи ҷадид ихтисос дода шуда, сомонаи қаблӣ ҷиҳати гиромидошти таърихи донишгоҳ ҳифз ва дар сомонаи нав ҷой дода шуд.

Дар ин раванд ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва бо назардошти талабот ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил ба донишгоҳ ва огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти сохторҳои он баргардон намудани саҳифа ва маълумоти сомона ба забони русӣ ва забони англисӣ бо ҷалби мутахассисон аз факултети филологияи рус ва факултети забонҳои хориҷӣ марҳила ба марҳила корбарӣ идома дорад.

Соли 2020 ҷиҳати мутобиқ шудан бо принсипҳои байналхалқии журналистикаи муосир ва талаботи расонаҳои электронӣ сомонаи донишгоҳ таҷдид гардид.

Дар сомона якчанд бахшҳои нав, аз ҷумла “Чароғи маърифат”, “Ифтихори мо”, “Мо дар ВАО” ва “Мусаввараҳо” фаъол гардид.

Феълан дар сомона матолиби гуногунжанр дар бахшҳои (рубрика) - “Навид”, “Ҳидоятномаи Пешвои миллат”, “Фарҳанг ва маърифат”, “Навор”, “Эълонҳо”, “Тозанашр”, “Ифтихори мо” “Чароғи маърифат”, “Мо дар ВАО”, “Мусаввараҳо” интишор гардида, барои пур намудани фазои иттилоотӣ бо маълумоти дақиқ ва факту арқоми муътамад саҳми арзишманд гузошта мешавад.

Ҷиҳати мутобиқ шудан ба замони муосир ва ҷалби ҳарчи бештари шумораи истифодабарандагони сомонаи донишгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Facebook (Фейсбук), Instagram (Инстаграм) ва Telegram (Телеграм) саҳифаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» фаъол аст, ки дар он ба таври фаврӣ рӯйдоду чорабиниҳои донишгоҳ мунъакис мегарданд.

Ҳадаф аз ташкили ин саҳифаҳо манзур намудани хабарҳои наву тоза дар самтҳои таълиму тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои донишгоҳ ба ҷомеа мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолияти рӯзномаи “Нури маърифат”-ро, ки ҳамчун минбари устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар инъикоси навгониҳо, дастоварду пешравиҳои донишгоҳ нақши муҳим дорад, танзим мекунад.

Нашрия моҳи октябри соли 1965 бо номи “Маҳорати педагогӣ” таъсис ёфта, аз соли 1992 “Нури маърифат” унвон гирифтааст. Дар зарфи 55 сол 2 272 шумораи он ба табъ расида, дастраси хонандагон гардидааст. Теъдоди нашри рӯзнома бештар аз 10 000 нусхаро ташкил медиҳад ва бозгӯи сернуфузу серхонанда будани он аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тадбирҳои пайвастаи масъулини Маркази иттилоот ва таҳлил ҳамкории донишгоҳ бо нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ, аз қабили “Ҷумҳурият”, ”Народная газета”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ”Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Сухани халқ”, “Тирози ҷаҳон” ва дигар рӯзномаҳои даврӣ самаранок ба роҳ монда шуда, маводи устодону донишҷӯён мунтазам интишор мегарданд.

Студияи телевизионӣ ва радиоии “Фурӯғ” таҳти назорати Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолият намуда, кормандони он ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ инъикоси набзи донишгоҳ, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, илмиву адабӣ, ҷараёни конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Пайки маърифат” бо фарогирии матлабҳои ҷолиби таваҷҷуҳ аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ моҳе ду маротиба тариқи телевизиони вилоят (ТВ Суғд), “Сомон HD” ва СМ-1 пахш карда мешаванд, ки он муаррифгари иқтидору тавоноии донишгоҳ дар фазои иттилоотии вилоят ба шумор меравад. Илова бар ин шаш барномаи телевизионӣ: “Чароғи маърифат”, “Хуршеди беғуруб”, “Интихоби дуруст”, “Андеша”, “Ифтихор” ва 2 барномаи муштараки “Амният ва ҷомеа” бо телевизиони вилояти Суғд ва “Рӯ ба рӯ” бо Ширкати телевизион ва радиои СМ-1 омода ва пахш мегардад.

Донишгоҳ бо телевизионҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявиро тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” манзури тамошобинони кишвар мегардонад, ки ин як самти фаъолияти назаррас ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва пешгирии ҳамешагии шомилшавии ҷавонон аз амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар назди Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ бо ҷалби устодони соҳибунвону ботаҷриба солҳои 2019-2020 маҳфилҳои таҳлилӣ-иттилоотии “Афкор” ва илмӣ-иттилоотии “Набзи айём” ҷиҳати таҳлилу баррасии муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, ки ба арзишҳои милливу маънавии мо халал ворид месозад, ба фаъолият шурӯъ намуда, барои пешгирии падидаҳои ифротӣ ҳар ҳафта бо нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва изҳороти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.

Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 31.10.2018 №3 шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2018 маҳфили “Нерӯи сухан” таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва такмили маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии онҳо роҳандозӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҷалби донишҷӯён ба маҳфил ҷиҳати беҳдошти фаъолият ва сифати сомонаи расмии донишгоҳ www.hgu.tj, нашрияи “Нури маърифат”, студияи телевизионӣ ва радиои “Фурӯғ” мусоидат намуд. Аъзои маҳфил бо нишон додани масъулиятшиносӣ ва маҳорати баланд ҳамчун мухбирони ҷавони ҷамъиятӣ дар самти инъикоси рӯйдод ва дастовардҳои факултетҳо фаъолона саҳм мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ соли 2019 бори нахуст “Солнома”, “Маҷмӯаи оморӣ”, “Абитурент – 2019” (брошюра барои шаҳрвандони хориҷӣ) бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расонид, ки ҳамакнун ба ҳукми анъана даромада ҳамасола нашр мегардад. Гузашта аз ин, таҳия ва интишори маҷмӯаи мақолаҳои гуногун аз самтҳои дигари муҳими фаъолияти Маркази иттилоот ва таҳлил маҳсуб меёбад.

Дар Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ сардор, сармутахассис, мутахассиси пешбар, мутахассис, барномасози сомона ва наворардор (суратгир) фаъолият дошта, ҷиҳати иҷрои рисолати касбӣ, таҳкими робита бо ҷомеа, риояи меъёрҳои этикаи касбӣ ва принсипҳои байналхалқии журналистика, инчунин таъмини дастрасии ҷомеа бо иттилооти марбут ба донишгоҳ донишу маҳорат ва таҷрибаи худро истифода доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлили Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, 23-юми майи соли 2011 таъсис ёфтааст.

Давоми фаъолият дар садорати Марказ як қатор кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони кордону соҳибтаҷриба ифои вазифа намудаанд. Аз ҷумла, рӯзноманигори шинохта Набиюллоҳ Суннатӣ (11.2011-09.2012), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назирҷон Пўлотов (01.2013-12.2013), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмури Юсуфзод (12.2013-04.2017) ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Киромиддин Мухторов (04.2017-08.2018) ҷиҳати пешбурди фаъолияти Марказ саҳми муассир гузоштаанд.

Шуруъ аз моҳи августи соли 2018 то ҳол дар вазифаи сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев фаъолият дошта, дар самти тарғибу ташвиқи фаъолияти донишгоҳ, пур намудани фазои иттилооотӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот ва ҷоннок намудани робита бо ҷомеа нақши бориз мегузоранд.

Марказ қаблан дафтари матбуот ном дошта, аз замони таъсисёбӣ аз рўи сохтори фаъолияти донишгоҳ мустақиман ба ректори донишгоҳ тобеъ аст. Маркази иттилоот ва таҳлил пояи ҳуқуқии фаъолияташро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар самти фаъолияти васоити ахбори умум, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд, фармоишҳои ректори донишгоҳ, низомномаи Маркази иттилоот ва таҳлил ва ғайра ба роҳ мондааст.

Фаъолияти Марказ мустақиман бо ректори донишгоҳ ва дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои донишгоҳ, факултетҳои он, сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти Марказ дар асоси нақшаҳои солона, моҳона, ҳафтаина ва дастуру супоришҳои бевоситаи ректори донишгоҳ танзим карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки Марказ баробари фаъол намудани сомонаи донишгоҳ (www.hgu.tj) дар баробари таъмини дастрасии иттилоот, инчунин дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Ҳамкории Марказ бо воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ торафт вусъат гирифта, маводи сомонаи донишгоҳ дар саҳифаҳои оҷонсиҳои иттилоотӣ ва дигар анвои расонаҳои хабарӣ ба сифати манбаъи муътамад мавриди истифодаи фаровон қарор дорад.

Бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотии донишгоҳ ва мутобиқ будан ба меърёҳои байналхалқии равобит бо ҷомеа моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби кормандони Маркази иттилоот ва таҳлил сомонаи расмии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз нав бо тарҳи ҷадид ихтисос дода шуда, сомонаи қаблӣ ҷиҳати гиромидошти таърихи донишгоҳ ҳифз ва дар сомонаи нав ҷой дода шуд.

Дар ин раванд ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва бо назардошти талабот ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил ба донишгоҳ ва огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти сохторҳои он баргардон намудани саҳифа ва маълумоти сомона ба забони русӣ ва забони англисӣ бо ҷалби мутахассисон аз факултети филологияи рус ва факултети забонҳои хориҷӣ марҳила ба марҳила корбарӣ идома дорад.

Соли 2020 ҷиҳати мутобиқ шудан бо принсипҳои байналхалқии журналистикаи муосир ва талаботи расонаҳои электронӣ сомонаи донишгоҳ таҷдид гардид.

Дар сомона якчанд бахшҳои нав, аз ҷумла“Чароғи маърифат”, “Ифтихори мо”, “Мо дар ВАО” ва “Мусаввараҳо” фаъол гардид.

Феълан дар сомона матолиби гуногунжанр дар бахшҳои (рубрика) - “Навид”,“Ҳидоятномаи Пешвои миллат”, “Фарҳанг ва маърифат”, “Навор”, “Эълонҳо”, “Тозанашр”, “Ифтихори мо” “Чароғи маърифат”, “Мо дар ВАО”, “Мусаввараҳо” интишор гардида, барои пур намудани фазои иттилоотӣ бо маълумоти дақиқ ва факту арқоми муътамад саҳми арзишманд гузошта мешавад.

Ҷиҳати мутобиқ шудан ба замони муосир ва ҷалби ҳарчи бештари шумораи истифодабарандагони сомонаи донишгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Facebook (Фейсбук), Instagram (Инстаграм) ва Telegram (Телеграм) саҳифаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» фаъол аст, ки дар он ба таври фаврӣ рӯйдоду чорабиниҳои донишгоҳ мунъакис мегарданд.

Ҳадаф аз ташкили ин саҳифаҳо манзур намудани хабарҳои наву тоза дар самтҳои таълиму тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои донишгоҳ ба ҷомеа мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолияти рӯзномаи “Нури маърифат”-ро,ки ҳамчун минбари устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар инъикоси навгониҳо, дастоварду пешравиҳои донишгоҳ нақши муҳим дорад, танзим мекунад.

Нашрия моҳи октябри соли 1965 бо номи “Маҳорати педагогӣ” таъсис ёфта, аз соли 1992 “Нури маърифат” унвон гирифтааст. Дар зарфи 55 сол 2 272 шумораи он ба табъ расида, дастраси хонандагон гардидааст. Теъдоди нашри рӯзнома бештар аз 10 000 нусхаро ташкил медиҳад ва бозгӯи сернуфузу серхонанда будани он аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тадбирҳои пайвастаи масъулини Маркази иттилоот ва таҳлил ҳамкории донишгоҳ бо нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ, аз қабили “Ҷумҳурият”, ”Народная газета”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ”Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Сухани халқ”, “Тирози ҷаҳон” ва дигар рӯзномаҳои даврӣ самаранок ба роҳ монда шуда, маводи устодону донишҷӯён мунтазам интишор мегарданд.

Студияи телевизионӣ ва радиоии “Фурӯғ” таҳти назорати Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолият намуда, кормандони он ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ инъикоси набзи донишгоҳ, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, илмиву адабӣ, ҷараёни конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Пайки маърифат” бо фарогирии матлабҳои ҷолиби таваҷҷуҳ аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ моҳе ду маротиба тариқи телевизиони вилоят (ТВ Суғд), “Сомон HD” ва СМ-1 пахш карда мешаванд, ки он муаррифгари иқтидору тавоноии донишгоҳ дар фазои иттилоотии вилоят ба шумор меравад. Илова бар ин шаш барномаи телевизионӣ: “Чароғи маърифат”, “Хуршеди беғуруб”, “Интихоби дуруст”, “Андеша”, “Ифтихор” ва 2 барномаи муштараки “Амният ва ҷомеа” бо телевизиони вилояти Суғд ва “Рӯ ба рӯ” бо Ширкати телевизион ва радиои СМ-1 омода ва пахш мегардад.

Донишгоҳ бо телевизионҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявиро тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” манзури тамошобинони кишвар мегардонад, ки ин як самти фаъолияти назаррас ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва пешгирии ҳамешагии шомилшавии ҷавонон аз амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар назди Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ бо ҷалби устодони соҳибунвону ботаҷриба солҳои 2019-2020 маҳфилҳои таҳлилӣ-иттилоотии “Афкор” ва илмӣ-иттилоотии “Набзи айём” ҷиҳати таҳлилу баррасии муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, ки ба арзишҳои милливу маънавии мо халал ворид месозад, ба фаъолият шурӯъ намуда, барои пешгирии падидаҳои ифротӣ ҳар ҳафта бо нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва изҳороти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.

Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 31.10.2018 №3 шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2018 маҳфили “Нерӯи сухан” таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва такмили маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии онҳо роҳандозӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҷалби донишҷӯён ба маҳфил ҷиҳати беҳдошти фаъолият ва сифати сомонаи расмии донишгоҳ www.hgu.tj,нашрияи “Нури маърифат”, студияи телевизионӣ ва радиои “Фурӯғ” мусоидат намуд. Аъзои маҳфил бо нишон додани масъулиятшиносӣ ва маҳорати баланд ҳамчун мухбирони ҷавони ҷамъиятӣдар самти инъикоси рӯйдод ва дастовардҳои факултетҳо фаъолона саҳм мегузоранд.