Маҳфили илмии донишҷӯён "Эколог"​ доир гардид

Санаи 17-уми феврали соли 2023 дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм маҳфили илмии донишҷӯён "Эколог" бо иштироки устодони кафедра, аъзоёни маҳфил, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Д., Содиқов Д. баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров оид ба мақсад ва ҳадафҳои маҳфил истода гузашт.

Сипас, донишҷӯёни факултет дар мавзуъҳои “Роҳҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ”, “Нақши ташаббусҳои Пешвои миллат дар истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Инъикоси ҷабҳаҳои экологӣ дар Паёмҳои Пешвои миллат баромад намуданд.

Дар идома аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Д. ва Содиқов Д. оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат бо густариши фаъолият дар самти тадбиқи дастуру вазифаҳои дар Паём гузошта шудава маърӯза шунида шуд.

Баргузории аҳфил дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарбияи экологӣ ва тарбяи ватанпарастии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ