​Экология ва ҳифзи табиат: Оғози таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён

Дар факултети геоэкология ва туризм низ ҷиҳати оғози таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён конфренсия доир гардид.

Дар доираии ин иқдом аз ҷониби дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собиров Мурод ба донишҷӯён тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва истифодаи воситаҳои инфиродии ҳимоявӣ, тарзи пур кардани рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ фаҳмонида шуд.

Донишҷӯён бо сардории роҳбари таҷрибаомӯзӣ дотсент Собиров барои идомаи бевоситаи таҷрибаомӯзӣ ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд сафарбар шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ