Баргузории маҳфили тарбиявӣ бахшида ба 30 - солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо иқдоми кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм баҳри татбиқи рукни тарбияи ватандустии Консепсияи тарбияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили тарбиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Маҳфилро декани факултет, дотсент Абдухолиқзода М.А. ифтитоҳ намуда қайд намуд, ки аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳии қувваҳои муссалаҳи кишвар, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ барои таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳо эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.

Баъдан, полковники кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ, Ҳасанов М.И. баромад намуда иброз дошт, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён дар рафти вохӯрӣ шеърҳо дар васфи Ватан, Сарбозони шуҷоъ ва ғайра қироатнамуда изҳор карданд, ки онҳо барои хизмати содиқона ба Ватан дар сафи Артиши миллӣ омодаанд ва онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худ меҳисобанд. Баъдан, ба ҳозирин видеоролик ва маълумот оид ба тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ