Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”

Телефон барои маълумот

Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”-и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар асоси Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ санаи 1-уми сентябри соли 2014 бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти амалии донишҷӯёни ихтисоси “рӯзноманигорӣ” ва омода намудани рӯзноманигорон дар соҳаи телевизион чун базаи муҳими таълимӣ ташкил шудааст. Дар студияи мазкур дарсҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир мешавад, ки барои малакаи корӣ пайдо намудани донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Студия бо дастгирии бевоситаи собиқ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва собиқ ректори донишгоҳ Усмонов Ғафурҷон Ҳасанович таъсис ёфтааст.

Дар студия баробари гузаштани дарсҳои амалии марбут ба телевизион ва ихтисосҳои вобаста ба он донишҷӯён низ аз самти фаъолияти телевизион пурра огоҳ гашта, ҳамчун базаи муҳими техникӣ ва амалӣ-таҷрибавӣ аз он пурра истифода мебаранд. Дар студия (СТТ “Фурӯғ”) маҳфилҳои пайвастаи телевизионӣ амал мекунад, ки дар он устодони соҳаи журналистика бо донишҷӯён оид ба фаъолият ва самтҳои гуногуни телевизион сӯҳбат ва мубоҳиса менамоянд. Ҳамчунин дар студия барои омӯхтани нозукиҳои кори наворбардорӣ, сабт ва танзими садо, танзими видео, кор бо камера, омода намудани сенарияи барномаҳои телевизионӣ, ташкили кори шӯъбаи ахбор, қоидаҳои хондани матни журналистӣ ва дигар самтҳои кор дар студияи телевизион омӯхта мешавад.

Бо вуҷуди ин, фаъолияти дигари студия кор бо донишҷӯён барои амалӣ намудани супориш ва вазифаҳои устодон оид ба омода намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, сохтани барномаҳои ток-шоу, очерки телевизионӣ, тахияи гузоришҳои гуногуни иттилоотиву таҳлилӣ ва монанди инҳо фаъолият мебарад. Маводи омоданамудаи студияи таълимӣ ба воситаи телевизионҳои “СТВ”, “Танин”, “СМ-1”, “Азия”, “Ҷаҳоноро”, “7-ситора” пахш гардида, ҳамчунин бо дигар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Студияи мазкур барномаҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ, мусоҳибаҳо бо устодони шинохтаи донишгоҳ бо унвони “Файзи истиқлол” омода намуда, тариқи телевизиони вилоят манзури тамошобинон сохтааст, ки муҳтавои ин барнома бардошт ва муҳокимаронии дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор мерафт.

Телевизиони таълимии “Фурӯғ” ҳоло барномаи иттилоотиро ба роҳ монда, дар ду ҳафта як маротиба аз телевизиони вилояти Суғд бо номи “Пайки маърифат” пахш мегардад. Дар барномаи мазкур самтҳои ҳамаҷонибаи фаъолияти донишгоҳ инъикос ёфта, дастовардҳои илмиву фарҳангии устодону донишҷӯён ва комёбиҳои шогирдони ин боргоҳи таълимӣ ба тамошобинон расонида мешавад. Дар давоми фаъолият студия даҳҳо гузориш аз ҷараёни чорабиниҳои донишгоҳ ва аз дастовардҳои илмиву иноватсионии устодону донишҷӯён омода намуда, манзури тамошобинон сохтааст.

Телевизиони таълимии “Фурӯғ” ҳоло барномаи иттилоотии худро ба роҳ монда, дар ду ҳафта як маротиба аз телевизиони вилояти Суғд бо номи “Пайки маърифат” пахш мегардад. Дар барномаи мазкур самтҳои ҳамаҷонибаи фаъолияти донишгоҳ инъикос ёфта, дастовардҳои илмиву фарҳангии устодону донишҷӯён ва комёбиҳои шогирдони ин боргоҳи таълимӣ ба тамошобинон расонида мешавад. Дар давоми фаъолият студия даҳҳо гузориш аз ҷараёни чорабиниҳои донишгоҳ ва аз дастовардҳои илмиву иноватсионии устодону донишҷӯён омода намуда, манзури тамошобинон сохтааст.

Студияи дар асосӣ Низомномаи тасдиқнамудаи Шӯрои олимони донишгоҳ ва тибқи нақшаи тасдиқнамудаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума фаъолияташро ба роҳ монда, барои гузаронидани дарсҳои амалии марбут ба телевизион шароити мусоид фароҳам овардааст, то донишҷӯён аз базаи техникии студия пурра баҳраманд гарданд.

Ҳоло баробари анҷом додани самти таълим кормандони студия моҳе ду маротиба барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи “Пайки маърифат” омода намуда, аз ҳаёти фарҳангиву адабӣ, илмиву таълимии Донишгоҳ омода мекунанд, ки дар он дастовардҳои устодони собиқадор, донишҷӯёни фаъолу ихтироъкор, ҳаёти маҳфилҳои гуногуни илмиву таълимӣ, дарсҳои намунавӣ ва ғайра тариқи телевизиони вилояти Суғд (СТВ) манзури тамошобинон мегардад, ки барои муаррифии дастовардҳои Донишгоҳ дар сатҳи вилоят дар байни муассисаҳои олӣ падидаи нодир ва назаррас ба шумор меравад.

Мо умед дорем, ки студия дар баланд бардоштани сатҳу сифати малакаи касбии рӯзноманигорони ҷавон, донишҷӯёни шуъбаи журналистика ҳамчун заминаи хуби амалӣ ва таҷрибавӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Хабархо нест!