​Инъикоси ҳифзи табиат дар ашъори Мавлоно Балхӣ

Дар факултети геоэкология ва туризм дар мавзуи “Инъикоси ҳифзи табиат дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ” маҳфили илмӣ доир гардид. Ин иқдомро устодону донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиат ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ намуданд.

Дар доираи ин ташаббус доир ба зиндагиномаи Мавлоно Ҷаллолудини Балхӣ маълумот дода шуда, инъикоси ҳифзи табиат дар ашъори Мавлоно мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ