Парки технологӣ

Телефон барои маълумот

Баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” тибқи фармони ректори донишгоҳ аз 06.12.2011, №406 Парки технологии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таъсис ёфтааст. Оиннома, Низомнома ва Нақшаи кории ПК, ки бо назардошти талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи Парки технологӣ”, қарорҳои дахлдори ҷаласа ва мушовараи Вазорати маорифи ҶТ (аз ҷумла, қарори мушовараи ВМ ҶТ аз 31 майи соли 2011, № 13/29 дар бораи тасдиқи “Низомномаи намунавӣ оид ба ташкил ва фаъолияти Парки технологии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф”) таҳия шудаанд, дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 28.06.2012, №13 баррасӣ ва тасдиқ шудаанд. Дар соли ҳисоботӣ рафти иҷрои корҳои банақшагирифташуда ба тариқи зайл сурат гирифт. Дар соли ҳисоботӣ8 ҷаласаи Шӯрои илмию техникӣ баргузор ва дар онҳо 18 масъала баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Дар факултетҳои Донишгоҳ низ Шӯроҳои илмию техникӣ таҳти раисии деканҳои факултетҳо таъсис дода шудаанд ва тибқи нақшаҳои кории худ фаъолият доранд. Таъсис додани ихтисосҳои нави менеҷменти инноватсионӣ, ҳуқуқши- носи Парки технологӣ, иқтисоддони Парки технологӣ, идоракунии ихтироъ- корону навоварон, ташкилотчии истеҳсолот ва ғайраҳо (таҳияи Стандарти давлатӣ, нақша ва барномаҳои таълимии ихтиссосҳои мазкур) идома дорад. Шӯрои илмию техникии ПТ раёсати таълим, шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои дахлдорро вазифадор кардааст, ки иҷрои саривақтии супориши мазкурро таъмин намоянд.

Маркази омӯзишиву таҳқиқотии технологияи компютерӣ, корҳои таъмирӣ, хизматрасонии техникиву матбаавӣ-рекламавӣ ва такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ (Маркази компютерӣ) таъсис дода шудааст. Дар Марказ омўзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ бо истифодаи проектори мултимедӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Марказ ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши технологияи компутерӣ барои омӯзгорони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ба нақша гирифта шудааст. Боистифодаи интернет кормандони Маркази компютерӣ базаи китобҳои электрониро ташкил намудаанд.

Дар Марказ инчунин омўзиши забони англисӣ бо истифодаи компютер банақша гирифта шудааст. Барои ин маводҳои гуногун, монанди дискҳои лазерӣ ва дигар маводҳои компютерӣ истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ин методи омўзиши забонҳои хориҷӣ яке аз методҳои алтернативии истифодаи кабинетҳои лингофонӣ маҳсуб меёбад. Дар Маркази компютерӣ минбаъд корҳои таъмирӣ, хизматрасониҳои техникиву матбаавӣ-рекламавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Маркази компютерии ПТ семинари доимоамалкунанда оид ба омӯзиш ва истифодаи технологияи компютерӣ, усулҳои фаъоли таълим таҳти роҳбарии устод Абдуллоев А. ба роҳ монда шудааст.

Яке аз ҳадафҳои оинномавии Парки технологӣ - ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷалб намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, дар назди ПТ сехи таълимиву истеҳсолии дӯзандагӣ таъсис ётааст, ки бо 6 адад мошинкаҳои дӯзандагӣ, 1 адад мошинкаи “аверлог” ва 1 адад мошинкаи дастӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Хабархо нест!