Факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

Маълумот барои тамос

Бо назардошти талаботи рўзафзуни ҷомеа ба ихтисосҳои психология ва таҳсилоти томактабӣ, ки дар баланд бардоштани маънавият ва тарбияи насли наврас мақоми боризро ишғол менамояд, дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 05/1 аз 21.05.2019 ва фармоиши ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" №175 АЗ 25.06.2019 факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шуд, ки аз соли хониши 2019-2020 ба фаъолият оғоз намуд. Факултет ва кафедраҳои он фаъолияти худро тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Айни замон дар назди факултет чунин ихтисосҳо амал мекунанд:

  • Психология – 1-23.01.04, касбият: психолог, омўзгори психология
  • Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ – 1-03 03 08-01, касбият: мураббии боғча. Олигофренопедагог
  • Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ – 1-01 01 01-06, касбият: Мураббияи муассисаҳои томактабӣ. Равоншинос

Сохтори факултетро кафедраҳои зерин ташкил мекунанд:

  • Психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, ки ҳадафи кафедра фароҳам овардани муҳити солим байни ҷомеа ва такмил додани донишҳои психологӣ дар пешрафти илму техника, рушди босуботи тафаккури психологии хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби психология барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ;
  • Педагогика ва психологияи томактабӣ - фаъолияти ин кафедра бештар ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбӣ соҳаи томактабӣ ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас равона шудааст;
  • Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ - ҳадафи асосии кафедра роҳу воситаҳои дарёфти истеъдодҳо ва минбаъд такмил додани қобилиятҳои эҷодии мураббиёни оянда дар фаъолияти амалӣ мебошад.

Дар марҳилаи аввал дар ихтисосҳои мухталифи шуъбаи рўзонаи факултети психологияи ва таҳсилоти томактабӣ - 335 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи ғоибона бошад аз рўи ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ - 815 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуд.


Базаи моддии факултет ба талаботи макотиби олӣ мувофиқ гардонида шуда, дар ҷараёни таълим ва пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз тахтаҳои электронӣ, проектор, компютер ва дигар дастгоҳҳои таълимӣ бо таври васеъ истифода мешаванд.

Дар назди факултет китобхона фаъолият мебарад, ки бо китобҳои асосии тахассусӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамасола ҷараёнии таҷрибаомўзии ихтисосҳои амалкунандаи факултет дар Коллеҷи омўзгорӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёаи умумӣ, муассисаи махсусгардонидашудаи таълимию солимгардонии шаҳру навоҳии кишвар ва вилоят ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҷомеаи устодон ва кормандони факултет ҳамкории густурдаи таълими, илмӣ, методӣ ва таҷрибавии худро бо муассиссаи давлатии Кўдакистони Президентӣ дар вилояти Суғд, Мактаби ғайридавлатии Ирфон, “Гулчини маърифат” ва ҳамчунин Телевизионҳои “Симои мустақил – 1” ва “Азия”, ба роҳ мондааст, ки барои такмили ихтисоси донишҷўён ва магистрантону докторантон кўмаки амалӣ мерасонад.

Дар назди кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Маркази машварати психологӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатии “Заковат” таъсис дода шудааст. Ҳадафи марказ рушд додани хотира, диққат, тафаккур ва зудхонии хонандагони синнусоли гуногун маҳсуб меёбад. Инчунин барои гузаронидани тадқиқотҳои илмии психологӣ ҳамчун озмоишгоҳи лабораторӣ истифода бурда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар назди кафедраи мазкур ҳуҷраи психологияи амалӣ ташкил карда шудааст, ки ҷиҳати тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷўён дар амалия истифода бурда мешавад.