​Тадқиқотҳои илмӣ - педагогӣ ва психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар доираи ҳафтаи илм бо профессор Шаропов Шавкат мулоқот доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур ба мавзуи “Тадқиқотҳои илмӣ - педагогӣ ва психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд.

Профессор Шаропов Шавкат зимни маърӯза доир ба ташаккули илмҳои педагогӣ ва психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир, Шӯроҳои дифоъ, низомномаҳои амалкунанда мутобиқ ба талаботи навини КОА, корбарӣ бо маъхаз ва сомонаҳои илмӣ, пешбурди фаъолияти корҳои илмиву инноватсионӣ, тарзи дурусти навишти мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои баландарзиш (КОА ва байналмиллалӣ), диссертатсия, автореферат, корбарӣ бо сарчашмаҳо, гирд овардани мавод аз руйи мавзуи илмӣ маълумоти муфид дод.

Донишҷӯён дар фарҷом суолҳо дода, посухҳои муфассал гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ