СЕМИНАИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
Дар факултети иқтисодии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкории инноватсионӣ ва рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Дар оғози семинар маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинӣ мушовири ректори донишгоҳ, профессор А. Раҳимов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Институти илмҳои дақиқи донишгоҳ А. Қодирзода, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Х. Ҷалолзода ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Чорабиниро декани факултет, дотсент С. Раҳимзода ифтитоҳ намуда, нақши технологияҳои рақамиро дар рушди устувори иқтисодии кишвар ва соҳибкории хурду миёна муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, профессор А. Қодирзода ва дотсент М. Сатторова доир ба масъалаҳои ташаккули саноат дар шароити иқтисоди рақамӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ ва равандаи рақамикунони фаъолияти соҳибкорӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.
Ҳамзамон, донишҷӯёни факултети иқтисодӣ роҷеъ ба нақшаҳои тиҷоратии худ дар вазъияти пешрафти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумот доданд.
Ҳамчунин, дар доираи семинар ба муносибати ҷашни Меҳрагон маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуд. Иштирокчиён зимни баромади худ иброз доштанд, ки ҷашни Меҳргон мероси ниёгон буда, аз асолату тамаддуни куҳани халқи тоҷик дарак медиҳад. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон замина мегузорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни устодон ва донишҷӯён муколамаи илмӣ сурат гирифт.