​РОБИТАҲОИ ИЛМӢ ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Санаи 16 октябри соли 2026, дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Анъанаҳои устод-шогирд дар санъати миллии аския ва ҳаҷвнигории ӯзбекӣ, инчунин масъалаҳои мероси эҷодӣ” баргузор шуд.

Дар ҷараёни баргузории конференсия як қатор олимону муҳаққиқон маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд. Аз ҷумла, дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” Ислом Раҳимов бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Аския дар тасвири нависандаи тоҷик Раҳим Ҷалил” бо таври онлайн иштирок ва суханронӣ карда, паҳлӯҳои ҳунарӣ ва ғоявии ин масъаларо баррасӣ намуд.

Ин чорабинии байналмилалӣ аз ҷониби Институти илмию тадқиқотии фарҳангшиносӣ ва мероси мадании ғайримоддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамкории Маркази ҷумҳуриявии санъати аския ва ҳаҷвнигорӣ ташкил карда шудааст.

Ҳадаф аз баргузории он ҳифз, рушд ва омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни санъати анъанавии аския ва ҳаҷвнигорӣ, инчунин таҳкими робитаҳои илмию эҷодӣ миёни муҳаққиқони минтақа арзёбӣ карда мешавад.

Иштироки фаъолонаи устодони Донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ гувоҳи боло рафтани нуфузи илмии муассиса ва таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии байнидавлатӣ ба шумор меравад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ