Шуъбаи кор бо ҷавонон

Телефон барои маълумот

Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва пешгирикунандаи ҳамагуна ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо таъсис дода шудааст.

Ташкили Спартакиадаи анъанавии донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни устодону донишҷӯён аз рӯи 10 намуди варзишӣ, таъсис ёфтани маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” бо ҷалби омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни лаёқатманду боистеъдод ва иштироки ҷавонони донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва оммавию варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шаҳодатгари гуфтаҳои болоиянд.

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишгоҳ дар озмунҳои вилоятии Хушдилон ва ҳозирҷавобон, ва ҳамчунин, варзишгарони донишгоҳ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояту ҷумҳурӣ ҳамасола ширкат намуда, сазовори мақомҳои ифтихорӣ мешаванд, ки ин аз муваффақиятҳо ва маҳсули фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон дар донишгоҳ дарак медиҳад