Фестивал-озмуни “Навои ҷавонӣ-2024”: дарёфт ва рушди истеъдодҳо миёни донишҷӯён

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2024” баргузор карда мешавад. Баргузории фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2024” тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Фестивал-озмуни мазкур давоми моҳи майи соли 2024 дар як давр байни факултетҳои донишгоҳ гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинаҳои “Суруди хор”, “Навозиш”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” маҳоратсанҷӣ мекунанд.

Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маврид ба таъкид аст, ки МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” пайваста талош дорад, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва иқдому тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Ташкили фестивал – озмуни “Навои ҷавонӣ” аз зумраи ҳамин ибтикор аст, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва лаёқатаманд унвон мешавад.

Дар назар аст, ки фестивал-озмуни “Навои ҷавонӣ-2024” дар арафаи таҷлил аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷом ва диплому мукофотпулиҳо сарфароз карда мешаванд.

Маркахи иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ