Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари суннат ва фарҳанги Наврӯз

Таҳти чунин унвони дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид.

Нахуст иштирокчиён дар саҳни бино аз хаймаҳои наврӯзӣ ва намоиши дастоварду маҳсули эҷоди ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дидан намуданд.

Дар қисми ифтитоҳии конференсия ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба муносибати Наврӯзи байналмилал табрик гуфта, аз махсусият ва расму оинҳои ин ҷашни аҷдодӣ ёдовар шуд.

Зикр шуд, ки баҳорон дар Ватани шукуфони мо Тоҷикистони соҳибистиқлол фасли ҷашну фараҳу нусратҳост, ки ҳамасола аз файзи истиқлол дар сатҳи баланд ва шоиста ибтидову анҷом мегирад.

Дар идома профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих унвон намудаанд, ки тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҷойи ифтихор аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад”.

Ҳамчунин мавсуф перомуни дастоварду навгониҳо равандҳои фаъолияти донишгоҳ аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсол ёдовар шуд.

Баъдан номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Мирзоғуфрон Ғафуров ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Таъкид рафт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба ҷашнҳои аҷдодӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода, дар самти сазовор ва дар сатҳи шоиста таҷлил намудани суннатҳои миллӣ пайваста саҳми назаррас гузошта меояд.

Ҳамчунин профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Суннатҳои наврӯзноманависӣ дар адабиёти форсу тоҷик» ва дотсент Фаррух Ҳусейнов дар мавзуи «Аз таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз» маърӯза ироа намуданд.

Маърӯзачиён перомуни мақому фалсафаи Наврӯз ва таъриху суннатҳои деринаи ин ҷашни аҷдодӣ ибрози назар намуданд.

P.s. Ёдовар мешавем, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар факултетҳои донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хос идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ