Мизи мудаввар: "Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат баҳри ҳифзи пиряхҳо барои насли оянда"

Имрӯз дар толори хурди раёсати донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони "Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат баҳри ҳифзи пиряхҳо барои насли оянда" бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, солҳои 2020-2040, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва як қатор олимону устодони ин боршоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом иқдоми оқилонаи Пешвои миллатро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати шарафманди тоҷик номида, иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳҳои ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд.

«Ҳамаи ин воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида менамоем, ки Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд», — таъкид кард Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Сипас, аз ҷониби директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими он Турдиев Турдӣ ва омӯзгори факултети геоэкодлогия ва туризми донишгоҳ Ҳоҷиматов Парвиз маърӯзаҳо иро шуда, кайд шуд, ки дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ бо қабули қатъномаи нав, ки дар маҷлиси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хатҳои заррин навишта шудааст. Ин саҳифаи нави давлатдории таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Гуфта шуд, ки бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ