Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Телефон барои маълумот

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аз 29-уми майи соли 2017 таҳти фармоиши №131 шуъбаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ таъсис ёфта, “Низомномаи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”” бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ тасдиқ гардид.

Мувофиқи банди 1.2. Низомнома шуъбаи мазкур ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси дараҷа ва унвонҳои илмидошта дар бахши магистратура, докторантура, назорати иҷрои дурнамои омода кардани кадрҳои соҳибунвон дар Донишгоҳ, омўзиш ва натиҷагирии вазъи корҳои илмии докторантон, унвонҷўён ва докторантон (PhD),назорати иҷрои стратегияҳо ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷустуҷўйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами заминаҳои омода кардани кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои дақиқро ба роҳ мондааст.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба ташкилу баҳодиҳии сифати таълим дар докторантура ва магистратура, ташкил ва гузаронидани аттестатсияи магистрантону докторантон, назорати ҷамъбасти ҳисоботи докторантон, магистрантон, унвонҷўён, коркарди тавсияҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ, такмили нақшаву барномаҳои таълимии докторантура, назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои ҷараёни таълим дар докторантура ва магистратура, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирии сарбории таълимии ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳо ва тавсияҳои илмиву методӣ масъул аст.

Мутахассисони шуъба ҳамчунин дар конфронсу машваратҳо оид ба масъалаи санҷишу баҳодиҳӣ ба сифати таълим дар магистратура ва докторантура, дар амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳаҳо иштирок менамоянд.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъба ба таври воқеӣ баҳо додан ба вазъи таъминоти кафедраҳои факултетҳо бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ маҳсуб ёфта, масоили мазкур ба таври силсилавӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода мешавад.

Дигар аз рукнҳои муҳимми фаъолияти шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Донишгоҳ ташкил ва ба роҳ мондани ҳаракати олимпӣ мебошад. Алъон, ҷиҳати дарёфти донишҷўёни соҳибистеъдод озмунҳои фаннӣ дар се сатҳ - кафедра, факултет ва донишгоҳ ташкил мешаванд.

Мутахассисони шуъба дар ташкили вохўриҳо, мизҳои мудаввару семинарҳои омўзишӣ бо магистрантон, докторантон ва унвонҷўён эътибори хосса зоҳир менамоянд.

Фаъолияти шуъба аз нахустин рўзҳои мавҷудият дар ду самт – санҷидани вазъи кафедраҳо бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ба роҳ мондани усули самараноки таълим дар докторантура ва магистратура ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ ҷараён мегирад. Мутахассисони шуъба баланд бардоштани сифати тайёр кадани кадрҳои илмӣ ва педагогиро рисолати касбии хеш дониста, тамоми нерўи зеҳниашонро барои самаранок омода намудани кадрҳои илмӣ ва тарбияи омўзгорони соҳибкасб равона месозанд.

Номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон Садриддин Мирзоев, Мутриба Мавлонова, Боҳир Раҷабов солҳои гуногун сарварии шуъбаи мазкурро бар дўш доштанд.