Дастоварди донишгоҳ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Даҳаи аввали моҳи декабри соли равондар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорони ҷавони то 30-сола дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур аз Муассисаи давлатии таълимии “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 8 нафар, аз онҳо 7 нафар донишҷӯ ва 1 нафар докторант иштирок ва сабқат варзиданд.

Дар натиҷа Нурулло Олимов - донишҷӯи курси 4-уми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар самти барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ сазовори ҷойи 1, Дилором Муротова - докторанти курси 1-уми факултети биология ва химия дар самти илмҳои табиатшиносӣ сазовори ҷойи 2, Ҷамшед Назаров -донишҷӯи курси 2-юми факултетителекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар самти техникаю технология сазовори ҷойи 2 ва Абдурозиқ Негматов - донишҷӯи курси 1-уми факултетителекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар самти барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ сазовори ҷойи 2гардиданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибонро бо дастоварди навбатӣ табрик гуфта, барои донишҷӯён дастовардҳои аз ин бештарро таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ