​ДДХ: 15 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфтанд

Устодону донишҷӯён ва магистрантону докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми 4 сол аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол низ 15 нафар муҳассилини донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии озмун барои ба даст овардани мақомҳои баланд мубориза хоҳанд бурд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон аз соли 2019 инҷониб аз рӯйи панҷ номинатсия адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Даври вилоятии озмуни мазкур аз санаи 17-ум то 22-юми октябри соли равон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар он 21 нафар донишҷӯ, магистрант, докторант ва омӯзгори донишгоҳ иштирок намуданд, ки аз онҳо 15 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Аз инҳо 3-нафар ҷойи якум, 6 -нафар ҷойи дуюм ва 6-нафар ҷойи 3-юмро ишғол намуданд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ донишгоҳро муаррифӣ менамоянд.

Ғолибони озмуни даври вилоятӣ Садбарг Қудратова, Меҳрафкан Раззоқов, Сабрина Муҳаммадраҷабзода, Парвина Азимова, Орипова Назокатҷон, Саидмуҳаммад Зарипов, Сӯҳроб Отаев, Карима Ҷалилова, Ҷумъадилло Қодиров, Нурбибӣ Бобоева, Назира Тухтарова, Саидаҷон Ҳусейнова, Насрина Назирзода, Баҳманёр ва Дилноза Холматова муҳассилини факултети филологияи тоҷик, факултети забонҳои шарқ, факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ва факултети филологияи рус мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ