​Озмун: «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” озмуни эълон менамояд.

Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ҷалб намудани муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию техникӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар оянда тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассиса мебошад.

Озмун аз рӯи ду гуруҳ (барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура, барои унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос «PhD» ) ва ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

-бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (химия, физика, биология, экология, география, астрономия, геология, математика, геометрия);

-бахши фанҳои техникӣ;

- бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

- бахши фанҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ;

- бахши фанҳои иқтисодӣ

- бахши фанҳои гуманитарӣ (таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ,Ю сотсиология, филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, психология);

- бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Дар озмун донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос«PhD» ва унвонҷӯён, кормандони илмию омӯзгории (ба истиснои номзад ва доктори илм) синни то 30 сола иштирок карда метавонад.

Талабот барои кори озмун чунин аст:

-муҳиммияти мавзӯъ;

-татбиқи амалии стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатӣ;

-ҷанбаҳои боэътимодӣ ва пурқуввати илмӣ доштани мавзӯъ;

-дорои навгонӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ дошта бошад

-тадбиқшаванда ва хусусияти инноватсиониро соҳиб бошад;

-мавҷудияти нақшаи кор, сарсухан, иқтибос (то 30%), хулоса, феҳристи адабиёт ва саҳифабандии кор;

-пешниҳоди кори илмӣ бо тақриз ва баҳои роҳбари илмӣ;

-ҳаҷми кор-кори ба озмун пешниҳодшаванда бояд на камтар аз 16 саҳифаи андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman Tj-14, фосилаи 1,5 бо андозаи боло 2см, поён 2см, рост 1,5см ва чап 3см) таҳия карда шавад;

- ба назар гирифтани қоидаҳои имлои забони давлатӣ (ба истиснои корҳое, ки ба забонҳои дигар пешниҳод мешаванд);

-асардуздӣ (плагиат) набудани корҳо; (маълумотномаи барномаи антиплагаит ба кор замима карда шавад). Асолати корҳои ба озмун пешниҳодшаванда аз 60% бояд боло бошад. Дар сурати аслотаи кор ба талабот ҷавобгӯ набудан, он ба Озмун роҳ дода намешавад.

-муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогии донишгоҳ (утоқи 105) то 1 феврали соли 2024 муқаррар карда шудааст. Маводҳое, ки пас аз 1 феврал ворид мешаванд ба озмун роҳ дода намешаванд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Маълумоти бештар: 6-37-26; 93-171-00-02;

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ