Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Телефон барои маълумот

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №15 аз 20.01.2011 сол дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ташкил карда шудааст. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар баробари таъсиси шуъбаи таҳлил ва ояндабинии раванди таълим дар соли 2005 (ҳоло шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот) дастгоҳи иҷроияи раёсати донишгоҳ барҳам хӯрда, ваколатҳои он ба дӯши шуъбаимазкур вогузор шуд. Тӯли солҳои фаъолияти шуъба дотсентон Р.Назаров, М.Сабуров, З.Раҳмонов, С.Ёқубов, Р.Ҷӯлиев ва М.Маҳмадшоев ба сифати мудири шуъба фаъолият доштанд. Аз моҳи феврали соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилотро дотсент Дадобоева Н.Н. ба ӯҳда дорад.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба ташкил ва баҳодиҳии сифати таълим, ташкили худбаҳодиҳии дохилӣ дар сохтори донишгоҳ, таъминоти дастурию иттилоотии технологияи амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, ташкил ва гузаронидани аттестатсияии қаблии хатмкунандагони факултетҳо, муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокии таълим, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг), назорати ҷамъбасти ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳони даврӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатии хатмкунандагон (натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, дифои рисолаҳои тахассусӣ, дипломӣ ва магистрӣ, имтиҳони давлатӣ), коркарди тавсияҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ бо ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ, санҷиши мутобиқати саволнома ва мисолу масъалаҳои тестӣ бо барномаи таълимӣ, омӯзиши усулҳои қабули санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастӣ, таҳлили сифатии тестҳои имтиҳонӣ ва тавсияҳои методӣ масъул аст. Шуъба бо мақсади иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунандаро назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дигар самтҳои раванди таълимии фаъолияти донишгоҳ баҳо медиҳад. Идоракунии сифати таҳсилот дар донишгоҳ аз рӯи 2 самт сурат мегирад: таъмини сифат ва рушди сифати таълим. Фаъолияти шуъба пеш аз ҳама ба таҳлилу натиҷабардорӣ ва такмил додани сифати таълим равона карда шуда, самти асосии сифати таҳсилотро ташкил медиҳанд.

Пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро дар пай дорад. Низоми фаъолият ва усулҳои нави муносибат дар ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо менамояд, ки дар самтҳои мухталифи таълимиву илмӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси низому қоидаҳои мушаххас, стандартҳои ҷаҳонӣ фаъолият намоем. Зеро маҳз низомнома санади аслии мавқеъ ва мақоми ин ё он муассиса ва сохторҳои гуногуни ҷомеаро муҷассам месозад.

Маҷмӯаи низомномаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, ки бо қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шуда, фарогири иттилооти муфид ва қоидаҳои муайяни корӣ оид ба фаъолияти ҳар як шуъба ва раёсатҳои донишгоҳ мебошад. Афзун бар ин, низомнома барои муайян намудани самти фаъолияти корӣ ва мавқеи устувори муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақши муассир мегузорад. Дар мавриди дигар, муаррифии ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти кории шуъбаҳо, ниҳодҳо ва сохторҳои муассисаҳо мебошад, ки масъулин бо истифода аз он муносибатҳои ҳуқуқӣ ва кории худро ба низом медароранд.

Таъмини сифат ва таҳкими ҷиҳатҳои хуби фаъолияти корӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асоси талаботи низомномаҳои муассиса ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, низомномаҳои қабулгардида барои дар вақти муайян ба анҷом расонидани корҳои барномавӣ ва фаъолияти ҳадафмандона мусоидат менамояд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади таҳким бахшидани тартибу интизом дар ҷараёни таълим назорати электронии раванди таълимро дар якҷоягӣ бо маркази иттилоотии донишгоҳ дар факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монд. Мутахассисони шуъба ҳамроҳ бо маркази иттилоотии донишгоҳ назорати электронии раванди таълим, ҳозиршавии омӯзгорону донишҷӯёнро ба дарс ва рафти машғулиятҳои аудитории факултетҳои биноҳои таълимии 1, 2, 3 ва ҳамчунин факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус ва тарбияи ҷисмониро пайваста назорат карда, мунтазам натиҷабардорӣ мекунанд. Аъзоёни шуъба пайваста ҳозиршавии устодон ва донишҷӯёнро ба дарс, тибқи ҷадвали дарсӣ сурат гирифтани машғулиятҳои таълимӣ, рафти дарсҳои аудиторӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо ва мавҷудияти маводи таълимии донишҷӯёнро зери назорати қатъӣ қарор доданд. Ҳамзамон, ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён дар марказҳои тестӣ бо усули электронӣ мунтазам назорат карда мешавад. Баробари оғоз шудани Аттестатсияи давлатӣ рафти он дар факултетҳои донишгоҳ пурра назорат кардамешавад. Ҷоиз ба қайд аст, ки назорати пайвастаи электронӣ то имрӯз натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Мусаллам аст, ки ба роҳ мондани пурсиши афкор байни донишҷӯён ва омӯзгорон як падидаи хубест, ки тавассути он бисёр масъалаҳои ҳалталаби раванди таълим мавриди санҷишу баррасӣ ва корбарӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот марҳила ба марҳила вобаста ба масоили гуногуни раванди таълим пурсиши афкорро ба роҳ монда, дар асоси фикру андеша ва пешниҳоду дархости донишҷӯёну омӯзгорон нақшаи чораҷӯйиҳоро мураттаб ва мутобиқи он корбарӣ менамояд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳамчунин, дар таҳия ва такмили технологияи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таълим, дар таъминоти иҷрои талаботи ягона ҳангоми гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, дар гузаронидани таҷрибаҳо, тадқиқоти илмӣ ва конфронсу машваратҳо оид ба масъалаи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таълим, дар амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳаҳо иштирок менамояд.

Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таври воқеӣ баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён ва нишон додани дастовардҳои онҳо дар аз худ намудани илму дониш мебошад. Аз ин рӯ, мутахассони шуъба дар бобати ташкилу гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва талаботи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Азбаски мониторинг рукну қоидаҳои муҳими роҳбарию идоракунӣ, омӯзиш, санҷиш ва баррасии анҷому натиҷаи кор, ҷараёни таълиму тарбия ва ғайраро баррасӣ менамояд, мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади беҳдошти сифати таълиму сари вақт гузаронидани мониторинг ва зинаҳои он дастури методии «Тавсиянома оид ба гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот» – ро таҳия намуда, намунаҳои онро ба ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дастрас гардониданд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо Раёсати таълим тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими фаъолияти устодони пешқадаму навҷӯ пайваста озмунҳои «Дарси беҳтарин», «Муаллими сол», “Кафедраи беҳтарин”, “Факултети беҳтарин”, “Тести беҳтарин”, “Муаррифии беҳтарин” ва муайян кардани рейтинги омӯзгоронро ташкил намояд. Аз ин рӯ, тибқи нақша аз соли хониши 2013 – 2014 то имрӯз ҳамасола ин озмунҳо ба роҳ монда мешаванд. Соли аввали баргузор шудани озмуни «Дарси беҳтарин» (соли хониши 2013 – 2014) як нафар доктори илм, профессор, 16 нафар номзади илм, дотсент, 7 нафар сармуаллим, дар маҷмӯъ 24 - нафар ширкат варзиданд. Дар соли хониши 2014 – 2015 таҳти унвони «Муаллими сол» озмун байни омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин давра ҷиҳати иштирок ба озмун зиёда аз 60 нафар устодон ширкат варзиданд. Тибқи шартҳои озмун муаррифии фанҳои таълимӣ, сифати дастурҳои таълимӣ – методӣ ва китобҳои дарсӣ вобаста ба фанни таълимӣ, сифати маводи имтиҳонӣ: тестҳо, саволномаҳо, дараҷаи иштироки шогирдони омӯзгор дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳурӣ, байналмилалӣ ва натиҷаи онҳо ба инобат гирифта шуданд. Ташкил ва баргузор намудани ин озмунҳо ҷиҳати муайян кардани қобилияти касбии омӯзгорон, санҷиши дараҷаи донишазхудкунии шогирдони онҳо, ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон, тарғиби роҳу усулҳои нави таълим байни омӯзгорон хеле муҳиму бамаврид аст.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Соли ҷавонон ташкили озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол» – ро дар нимсолаи дуюми соли хониши 2016 – 2017 низ тибқи нақша амалӣ намуд, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим буд. Озмун дар се зина – сатҳи кафедра ва дар ду сатҳи умумидонишгоҳӣ сурат гирифт. Дар давраи аввали озмун ҳамаи омӯзгорони ҷавони факултетҳо иштирок намуда, беҳтаринҳо дар давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар давраи ниҳоӣ 14 нафар омӯзгорони ҷавон ширкат варзиданд, ки дарсҳои онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо масъулияти баланд санҷида шуданд. Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода маводи иштирокдорони озмуни “Муаллими сол - 2017” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Армуғони омӯзгорони ҷавон” рӯи чоп омад. Дар китоби мазкур маълумоти мухтасар доир ба ҷараёни таълимиву илмӣ, дастовардҳо ва мақолаҳои таълимии омӯзгорони ҷавон, ки дар озмун иштирок доштанд, гирдоварӣ шудаанд. Бо ибтикори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва дастгирии ҳамаҷонибаи ректори донишгоҳ соли 2017 «Рушди сифати таҳсилот» роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати таълим, ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани дарс, истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии донишҷӯён ва вусъат ёфтани худомӯзии онҳо, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб маҳсуб мешавад. Озмуни мазкур дар сатҳи матлуб баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба тибқи шартҳои он ҳуҷҷатҳои кафедраҳо, маводи дарсии омӯзгорон ва сифати дарсҳои онҳо ба таври дақиқ санҷида шуда, ғолибон муайян ва намунаи корҳои онҳо чун воситаҳои пешқадами таълим дар кори дигар кафедраҳо татбиқ мегарданд. Инчунин мутахассисони шуъба вобаста ба мавзӯъҳои муҳими беҳдошти сифати таълим ба ташкилу баргузор намудани мизҳои мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ эътибори хоса зоҳир менамоянд. Ин қабил чорабиниҳо тибқи нақшаи шуъба соле ду – се маротиба ба роҳ монда мешаванд. То имрӯз якчанд семинар – машваратҳои донишгоҳӣ дар мавзӯъҳои «Такмили сифати дарсҳои назарӣ ва амалӣ дар низоми кредитии таҳсилот», «Роҳҳои такмили сифати таҳсилот дар асоси талаботи замони муосир», «Низоми кредитии таҳсилот: КМРО ва сифати он», «Беҳдошти сифати барномаҳои таълимӣ ва корӣ», «Такмили сифати дарсҳои лабораторӣ дар низоми кредитии таҳсилот», «Истифодаи тахтаи электронӣ дар ҷараёни дарс», «Технологияи муосир дар раванди таълим», «Низоми таҳсилоти фосилавӣ», “Дастурамал оид ба иҷроиши корҳои мустақилонаи донишҷӯ”, “Талабот оид ба сатҳу сифати тестҳо дар низоми кредити таҳсилот”, “Доир ба омода намудани бастаҳои таълимӣ ва силлабус”, “Усулҳои муосири баргузории машғулиятҳо дар раванди таълим - омили рушди сифати таҳсилот” (2019) ва ғайра баргузор карда шуданд, ки ҷиҳати пешбурди ҷараёни таълим ва беҳдоти сифатии он хеле муфид ҳастанд.

Айни ҳол шуъба дар марҳилаи дуюми татбиқи “Консепсияи рушди сифати таҳсилот”, ки соли 2021 бо дастгирӣ ва зери назорати профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. аз ҷониби мутахассисони шуъба таҳия гардида буд, қарор дорад. Консепсияи рушди сифати таҳсилот ин санади барномавӣ буда,оид ба марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ мусоидат менамояд. Консепсияи рушди сифати таҳсилот сиёсатиягонаи донишгоҳро дарсамти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дарзинаи мувофиқи таҳсилотмуқаррар менамояд. Мақсади татбиқи консепсия - ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳу сифати таҳсилот ва сифатитайёр намудани мутахассисон мебошад.

Умуман, фаъолияти шуъба аз нахустин рӯзҳои мавҷудияти хеш дар ду самт – ба роҳ мондани усули самараноки таълим ва баланд бардоштани сифати он ҷараён гирифтааст. Мутахассисон баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани устодони соҳибкасбро рисолати касбии хеш дониста, тамоми нерӯи зеҳниашонро барои самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ва тарбияи муаллимони болаёқат равона кардаанд.