​Санҷиш ва баҳодиҳӣ ба маҳорату малакаҳои хонанадагон

Дирӯз дар факултети забонҳои шарқ аз тарафи сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Файзиев Аҳмадҷон дар мавзуи “Санҷиш ва баҳодиҳӣ ба маҳорату малакаҳои хонанадагон” дарси кушод ташкил ва баргузор гардид.

Омӯзгор дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва муаррифиҳои ҷолиб тавассути фаротоб (проектор) бо таҳлилҳои ҳамаҷониба мазмуну мундариҷаи дарсро фаҳмонд. Устод ҳамчунин дар машғулият тавассути бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳое, ки доир ба мавзуи мавриди назар рабт доштанд истифода намуда, шарҳу тавзеҳ дод.

Таъкид карда шуд, ки санҷиш дар талабагон муносибати дурустро ба кори хониш, ба баробариву нобаробариҳои худ мепарварад. Баҳо низ ба хонанда як ҳиссиётеро нисбати худ пайдо мекунонад. Муаллим дар дарс аз аёниятҳо ва бозиҳои дидактикӣ истифода карда дарсро бо методҳои замонавии таълим баргузор кард.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ