​Баррасии масоили раванди таълим ва мактаби устоду шогирдӣ

Таҳти чунин унвон дар толори хурди раёсат семинар – машварати навбатии Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон, бо иштироки аъзоёни баргузор гардид.

Нахуст мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Нодира Дадобоева таъкид намуданд, ки баргузории силсилаи чунин семинар – машваратҳо барои омӯзгорониҷавон бо иштироки устодони соҳибтаҷриба иқдоми ояндабинонаест,ки барои пешбурди раванди таълим ва ҳамзамонбаландбардоштани сатҳусифатитаҳсилотдарДонишгоҳ мусоидат хоҳаднамуд.

Зикр шуд, ки яке аз заминањои муњимтарини баланд бардоштани сатњу сифати таълим дар Донишгоњ, мањз аз зањмати шабонарўзии омўзгорони донишманду серталаб ва ба касбу кори худ содиќ сарчашма гирифта, дараљаи тадрис ва дониши касбии онњо дар ташаккули шахсият ва афкори созандаи муњассилин наќши муњим мебозад.

Дар идома зикр шуд, ки омӯзгорони ҷавон ҷиҳати такмили фаъолиятбештар ба дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок намуда, аз таҷрибаи бойи онҳо баҳраманд шаванд.

Баъдан, тибқи барнома номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими он Саидаҳмад Олов дар мавзуи “Муносибати устод бо шогирд” маърӯза ироа намуд. Мавсуф дар маърӯзааш перомуни одоби муошират, рафтори устод бо шогирд, салоҳият ва маҳорати касбӣ дар фаъолияти педагогӣ ибрози назар намуд.

Сипас, оид ба фаъолияти нимсола дар соли таҳсили 2023-2024, ҳисоботи аъзои Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон шунида шуд, ки фарогири натиҷаҳои фаъолияти дар самтҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбия буд.

Дар фарҷом дотсентНодира Дадобоева чорабиниро ҷамъбаст намуда, фаъолияти Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавонро ҷиҳати пешбурди раванди таълим ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот муҳим маънидод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ