​Дарси намунавӣ аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ”

Дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол - 2024” дарси кушоди муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Раҷабова Ситора доир гардид.

Дарс аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ” дар мавзуи “Travelling” (Саёҳат) баргузор гардид.

Дар ҷараёни дарс методҳои гуногуни таълим ВТТ, коркардҳои дастӣ, аёниятҳои муосир, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер, проектор ва баландгӯяк самаранок истифода шуданд.

Мақсади асосии дарс дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули салоҳияти фарҳангӣ-забонии онҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ