СЕМИНАР ДАР ХУҶАНД (14-20 ОКТЯБРИ 2018)

Яке аз воқеаҳои муҳими соли 2018 барои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Гафуров--ин баргузор шудани семинари илмӣ амалӣ мутобиқи нақшаи лоиҳаи ERASMUS+EXTEND маҳсуб меёбад . Ин чорабинии байналмилалӣ санаи 14-20 октябри соли 2018 дар толори хурди Раёсати донишгоҳ бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои Ворвики Англия , Минҳои Португалия, Донишгоҳи политехникии Руминия, Донишгоҳи техникии Рига , Донишгоҳи давлатӣ техникии ба номи Баумани ш. Москва, Донишгоҳи давлатии сохтмони ш.Москва, Донишгоҳи давлатии Мордовия , Донишгоҳи давлатии Магнитагорск , Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб амалӣ карда шуд.

Семинарро ректори донишгоҳ , профессор Ҷӯразода Ҷ.Х бо сухани ифтидои оғоз намуда ҳозиринро бо дастовардҳои донишгоҳ шинос намуд.Ҳамоҳангсозӣ кулли лоиҳа, профессори донишгоҳи политехникии Руминия Элизабет Лазароу оиди мақсаду мароми лоиҳа ва ҷараёни амалишавии он маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар бораи рафти иҷроиши лоиҳа ва тарғибу ташфиқи ҳадафҳои он дар системаҳои иттилоотӣ ҳамоҳангсозони лоиҳа дар донишгоҳҳои номбурда, маълумоти мухтасар доданд.

Ҳамзамон дар тӯли 5 рӯз, коршиносон ва олимони донишгоҳҳои ҳамкорӣ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мутобиқи барномаи кории семинар, оиди масъалаҳои актуалии таҳсилоти инжинерӣ, аз ҷумла доир ба салоҳиятнокӣ, дар бораи мураттаб намудани барномаҳои корӣ ва таълимии курсҳои махсуси муҳандисӣ барои омӯзгорон, аспирантон ва магистрантон ва ғайра баромад намуданд Инчунин бисёр масъалаҳои ташкили , молиявӣ, проблемаҳои гирифтани раводид ва ташкили сафарҳои омӯзгорон ва аспирантон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Иштирокчиёни семинар бо ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Хуҷанд, касри Арбоб, Амфитиатр, музеи донишгоҳ ва Масҷиди Шайх Маслиҳаддину бозори Панҷшанбе шинос шуданд.