Семинар дар донишгоҳи Минҳои Португалия

Мутобиқи нақшаи лоиҳаи ERASMUS+ EXTEND «Рушди таҳсилоти муҳандисӣ тавассути тайёр кардани омӯзгорон ва усулҳом нави педагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон” аз 13 то 17 маи соли 2019 дар донишгоҳи Минҳои Португалия семинари навбати барои намояндагони донишгоҳҳои ҳамкорӣ лоиҳа гузаронида шуд Дар ин чорабини намояндагони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров , мудири ШРБ - ҳамоҳангсозӣ лоиҳа Каримов Т.Д, дотсентони донишгоҳ Сидиқов В ва Вахобов –аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа, иштирок намуданд.

Дар семинар масъалаҳои гуногуни , мисли ҳисоботи соли аввали амалишавии лоиҳа, проблемаҳои таҳия ва тадбиқи 8 курсҳои таълими барои ихтисосҳои муҳандисӣ, истифодаи усулҳои нави таълими фанҳои муҳандисӣ ва ғайра муҳокима гардид. Семинарро проректори робитаҳои байналмилалии донишгоҳи Минҳо ва ҳамоҳангсозӣ кулли лоиҳа, профессор Элизабет Лазароу кушода дар бораи нақшаи кори семинари якҳафтаина маълумот доданд.

Семинар дар зери шиори “Haw to train teachers” баргузор гардид. Усулҳои нави таълиме, ки донишгоҳҳои ҳамкорӣ аврупои ва Россия ҳангоми таълими фанҳои инжинерӣ истифода мебаранд намоиш дода шуд.Оиди салоҳиятнокӣ , малакаи педагогӣ, дастовардҳои таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияи иттилоотӣ намоишҳо пешниҳод карда шуд.Дар бораи ин ва дигар масъалаҳои мубрам, ҳамоҳангсозӣ кулли лоиҳа Элизабет Лазароу, профессорони донишгоҳи Минҳо Руй Лима, Мануэл Коста, Мария А Флорес, Тереза Фрейра, профессори донишгоҳи техникии Рига ( Латвия) Карлис Валтиес ва дигарон баромад намуданд. Иштирокчиёни семинар бо музей, парки технологӣ ва ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Гамарайш , ки донишгоҳи Минҳо воқеъ аст ошно гардиданд.