ДУЮМ СЕМИНАР ДАР САРАНСК

Аз 24 феврал то 3 марти соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Мордовия ба номи Огарев, дар шаҳри Саранск (Русия) семинари навбатӣ тибқи лоиҳаи ERASMUS+EXTEND «Рушди таҳсилоти муҳандисӣ тавассути тайёр кардани омӯзгорон ва усулҳом нави педагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон”баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони тамоми донишгоҳҳои шарикони лоиҳа, аз ҷумла аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок намуданд. Семинари омӯзиширо ректори донишгоҳ Вдовин Сергей Михайлович ифтитоҳ намуд ва иштирокчиёнро бо дастовардҳо дар тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ ошно намуд. Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа Элизабет Лазару иштирокчиёни семинарро бори дигар бо ҳадафҳои асосии лоиҳа ва ҳамоҳангсозони донишгоҳҳои ҳамкорро бо масъалахои молиявй ва ташкилии ичрои вазифахои лоиха шинос намуд.

Намояндагони донишгоҳҳои шарики Русия ва Тоҷикистон, инчунин донишгоҳҳои Аврупо дар бораи модулҳои интихобшудаи омӯзишӣ суханронӣ карданд. Тавре қаблан зикр гардида буд, 8 Модули таълимӣ барои донишгоҳҳо пешниҳод карда шуд ва ҳар як донишгоҳ бояд дар яке аз самтҳои пешниҳодшуда барномаи таълимии худро баррасӣ намояд . Намояндагони донишгохи мо курси таълимиро бо номи "Омӯзиш дар асоси тадқиқоти илмӣ",-ро интихоб намуда онро муаррифӣ намуданд. Барномаи кории курси мазкур бо инъикосӣ мавзуъхои асосӣ ба мухокимаи хамаи иштирокчиён аз донишгоҳҳом шарики лоиҳа, пешниход карда шуд.

Илова бар ин, масоили салоҳиятнокии мутахассисони фанҳои муҳандисӣ ва методологияи истифодаи онҳо ҳангоми таълими курсҳо баррасӣ шуданд. Иштирокчиён, бо парадигмаҳои таълими фанҳои муҳандисӣ, бо усулҳои нави таълим ва тадрис шинос шуданд. Дар гурӯҳҳо масъалаҳои гуногуни таълими фанҳои