​Узоқова Гулнора Манноновна

Вазифа:
Муаллими сол

Узоқова Гулнора Манноновна соли 2017 дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол - 2017» ба ифтихори соли ҷавонон иштирок намуда, соҳибиҷои аввал гардид.

Узоқова Г.М. 28 – уми октябри соли 1982 дар шаҳриКонибодом дар оилаи коргар таваллудшудааст. Соли 2000 баъд аз хатми литсейи шаҳри Конибодом ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети молия ва иқтисодиёти бозор аз рўи ихтисоси молия ва қарз дохил шуда, онро соли 2005 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2005 дар кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» - и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба ҳайси муаллимаи кафедра фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Ҳамон сол бо тавсияи комиссияи аттестатсияи давлатӣ ба аспирантураи донишгоҳ аз рўи ихтисоси 08 00 01 – назарияи иқтисодӣ дохил шуда, 11.03.2011с. рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Созмони манбаъҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш» бо муваффақият дифоъ кардааст.

Соли 2010 дар озмуни Консорсиуми тадқиқотҳои иқтисодӣ (ш.Москва) иштирок карда, соҳиби гранти тадқиқотӣ гардидааст ва лоиҳаи татқиқотиро дар мавзўи «Созмони манбаъҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расонидааст. Иштирокчии якчанд конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣва донишгоҳӣ мебошад.

Солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи раиси Шўрои олимон ва муҳақиқони ҷавони факултети кибернетика фаъолият доштааст. Аз соли 2012 то соли 2016 вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълими факултети кибернетика ва баъдан телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотиро дар ўҳда дошта, аз моҳи ноябри соли 2016 то ҳол дар ифои вазифаи декани факултети мазкур мебошад.