Шоназарова Дилоро Субҳонназарова

Дараҷаи илми:
Номзади илмҳои филология
Вазифа:
Муаллим(a)

аз моҳи сентябри соли 2024 дар вазифаи н.и.ф., муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» кор мекунад.

*Соли таваллуд: 27 июни соли 1972 *Ҷои таваллуд: ноҳияи Ашт

*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ

Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст.

*Ихтисос: омӯзгори забони англисӣ

*Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст, ё не: не

*Вазъи оилавӣ: оиладор

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994

донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров

Солҳои 1994-1996

муаллими фанни забони англисии Гимназияи №76-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2000

муаллими фанни забони англисии Гимназияи №1 ба номи Умари Хайёми шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум (ҳоло шаҳри Гулистон)

Солҳои 1999-2003

муаллими фанни забони лотинии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2001-2010

муаллими фанни забони англисии Гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд.

Солҳои 2012-2024

муаллими калони фанни забонҳои хориҷӣ ва лотинии кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Аз моҳи сентябри соли 2024 то ҳол

н.и.ф., муаллими калони фанни забонҳои хориҷӣ ва лотинии кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»