Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ

Телефон барои маълумот

  • Бинои таълимии №2, ошёнаи 2.

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” моҳи сентябри соли 2011 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии фаъолияти институт вусъат бахшидани таҳқиқи сарчашмаҳои форсиву тоҷикӣ ва арабӣ дар заминаи таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва таърихнигорӣ ба шумор меравад. Директори аввалини Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Хоҷаева Матлуба Юнусовна мебошад. Солҳои 2014–2015 доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова Замира Абдуллоевна ва аз моҳи сентябри соли 2012 то соли 2014 ва аз соли 2015 то феврали 2023 профессор Ғаффорова Умеда Абдуллоевна сарварии Пажӯҳишгоҳро ба уҳда доштанд. Аз моҳи феврали сол 2023 то имрӯз профессор Нуров Нуралӣ Норович ба ҳайси директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолият мебарад.

Фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотӣ тибқи дурнамо ва нақшаи махсуси илмӣ сурат гирифта, дар ду самт ҷараён мегирад: самти аввал корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мероси мактуби Шарқ ва масъалаҳои ҷомеашиносӣ; ва самти дувум таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ. Муаммоҳои асосии мавриди таҳқиқи институт аз инҳо иборат мебошанд:

  • Омӯзиш, таҳқиқ ва нашри осори хаттии асри Х1Х – ибтидои асри ХХ;
  • Масъалаҳои арабшиносӣ ва равобити фарҳангӣ;
  • Масъалаҳои адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва равобити адабӣ;
  • Матншиносӣ, таҳияву тасҳеҳ ва нашри осори адабӣ;
  • Андешаҳои ахлоқии намояндагони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои X-XVI;
  • Муқаддимаи суғдшиносӣ;
  • Фарҳангнигории форсу тоҷик; Адабиёти форсии Вароруд ва таҳқиқу баррасии муаммоҳои он;
  • Масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабии асри ХХ.
  • Таҳқиқи илмии мубориза алайҳи ифротгароӣ ва зӯроварӣ.
  • Масъалаҳои тоҷикшиносӣ ва таърихи фарҳанги миллӣ;
  • Адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ;

Дар бахши таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ таҳия ва нашри сарчашмаҳои муҳими адабиву таърихии форсизабон – девони Абулфазли Сират (профессор Хоҷаева М.), девони Маҳастӣ (профессор Хоҷаева М.), девони Сайфиддини Исфарангӣ, тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ (Эшонқулов И.), «Тазкори ашъор», «Рӯзнома»-и Садри Зиё, тазкираи Шаръӣ; “Камоли Худжандӣ дар Русия: таҳқиқот ва тарҷумаҳо” (профессор Хоҷаева Матлуба Юнусовна дотсент Аъзамзод С.), “Шарҳи шаст ғазали Фарзона (проф. Хоҷаева М.), “Маснавии «Меҳр ва Моҳ»-и Ҷамолии Деҳлавӣ”, “Девони Файзии Фаёзӣ”, “Тазкираи Сархуш”, “Сафинаи Хушгӯ” (профессор Ғаффорова З. А.), тарҷумаи “Ахлоқи Носирӣ” ба забони русӣ (профессор Ғаффорова У. А.), “Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (профессор Ғаффорова У. А.),“Девони Камоли Хуҷандӣ”; Тарҷума ва тафсирҳои куҳани форсӣ тоҷикӣ; Олим ва мутаалим;(профессор Насриддинов Ф.), “Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил”; “Девони Бедил”; “Аз Бедил то имрӯз”; “Аз Сада то наврӯз” Девони Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Девони Гулназар, силсилаи “Сад барги ғазал” (профессор Нуров Н.); “Туҳфаи Хонӣ” (таҳия, тасҳеҳ ва пешгуфтор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва Ғиёсов Н.); “Луғати фурс”-и Асадии Тӯсӣ” (таҳия, тасҳеҳ ва пешгуфтор), “Камол дар оинаи пажӯҳиш” (дотсент Субҳони Аъзамзод) ва ғайраҳо ба нашр расидаанд.

Пас аз барқарор шудани ҳайъати кормандон дар соли 2018 ҳоло дар Институти илмӣ-тадқиқотӣ докторони илмҳои филологӣ, профессорон Ғаффорова У., Мирзоюнус М., Ғаффорова З., Насриддинов Ф., Нуров Н., дотсентон Ғиёсов Н., С.Аъзамзод, ходими илмӣ Ҳодибоева А. фаъолият мебаранд.

Аз соли 2019 дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ фаслномаи “Ойинаи пажуҳишгоҳ” нашр мегардад, ки сардабирии онро профессор Умеда Ғаффорова ба уҳда дорад.Фаслнома маҷмуи корномаҳои илмии кормандони онро дар самти тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик, тарҷума ва таҳияи мутун, муаррифии нухбагони илму адабиёт, сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва тақризҳоро дарбар мегирад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Институтро таҳқиқи назарии масъалаҳои мубориза алайҳи ифротгароӣ ва тундравӣ, адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо таҳдидҳои беруна ташкил ба вуҷуд овардаанд. Бо ин мақсад соли 2025 китоби маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони “Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо” дар заминаи татбиқи ҳадафҳои«Стратегияи муќовимат бо экстремизм ва терроризмдар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025»,ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 таҳти рақами 187 қабул шудааст, ба нашр расид.

Дар назди Институти илмӣ-тадқиқотӣ маҳфилҳои илмии “Фурӯғ” (роҳбар - профессор Хоҷаева М.), “Ховаршинос” (роҳбар – профессор Ғаффорова У.), “Адабиёти форсизабони Ҳиндустон” (роҳбар – профессор Ғаффорова З.), “Бедилшиносӣ” (роҳбар – профессор Нуров Н. фаъолият мебаранд ва дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиву педагогӣ саҳми назаррас мегузоранд. Давоми чанд соли охир зери роҳбарии кормандони институт 20 нафар рисолаҳои номзадиву доктории хешро ба дифоъ расониданд.

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ бо марокизи илмии кишварҳоиРусия, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Ӯзбекистон, Олмон, Қазоқистон равобитихуби илмӣ ба роҳ мондааст. Кормандони институт узви шуроҳои дифои ватаниву хориҷӣ буда, баробари ин дар ҷалаҳои ҳимояи кишварҳои дигар низ ба ҳайси муқарризони расмӣ ширкат меварзанд.