​МО ДАР ВАО: Дар Хуҷанд бахшида ба 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ» бо иштироки доираи васеи олимони ватаниву хориҷӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Конференсия бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Дар конференсия иброз гардид, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илму адабпарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Асари беназиру арзишманди «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон нақши бисёр муҳим мегузорад.

Доир ба мавзуъҳои «Академик Бобоҷон Ғафуров – падарсолори илми ховаршиносӣ», «Хориқаи академик Бобоҷон Ғафуров бо забони ҳуҷҷатҳои бойгонӣ» маърузаҳо ироа гардида, асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро дар шинохти таърихи пурғановати тоҷикон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бисёр муҳим маънидод намуданд.

Таъкид шуд, ки имрӯз насли наврас, ҷавонон, тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, эҳтиром ба мероси гузашта, кору пайкор ва осори фарзандони фарзонаи миллат беш аз пеш ниёз доранд. Корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурарзиши илмии ӯ, хосатан китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрӯзу оянда аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ