​Озмуни “Хаттоти беҳтарин” ва “Наттоқи беҳтарин”

Дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забонҳои форсӣ ва фаронсавӣ доир гардид. Дар доираи ин ташаббус як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, озмуни “Хаттоти беҳтарин “ва “Натоқи беҳтарин” давоми ҳафта ба роҳ монда шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни бахши якум ва панҷум иштирок намуданд.

Муовини декан оид ба таълим дотсент Мадина Сидиқова ҳадаф аз озмунҳои мазкурро таҳкими сатҳи маърифати донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои судманд унвон намуд.

Дар озмуни наттоқӣ донишҷӯён аз эҷодиёти шоирони тоҷику форс шеъру ғазал қироат карданд.

“Хаттоти беҳтарин” аз рӯйи маҳорати навишти донишҷӯён муайян карда шуд.

Интизор меравад, ки ғолибон бо туҳфаҳо дар ҷамъбасти ҳафта қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ