|
Бо иқдоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 13-14 майи соли равон конфренсияи панҷуми байналмилалии «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ» бо иштироки меҳмонони гуногун аз Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соаи об» доир гардид.
Ноиб-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳиба Ёқубова кори конференсияро ифтитоҳ намуда, пеш аз ҳама миннатдории хешро ба раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров барои ташкил ва баргузории конференсияи бонуфуз баён карда изҳор намуд, ки дар пешбурди кори конференсия 80 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тошканду Афғонистон ва манотиқи гуногуни ҷумҳурии маҳбубамон ширкат дошта, ба он 197 тезису маърӯзаҳо дастрас намудаанд.
|
|
Муфассал...
|
|
|
Роҳҳои пешгирии падидаҳои манфӣ |
|
Тибқи нақшаи мураттабгардидаи шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодону муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои манфию номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, одоби ҳамидаи инсонӣ» дар толори бинои маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳ баъди вохӯрию мулоқотҳои силсилавӣ бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи кор бо дини дастгоҳи Раиси вилоят, бо намояндагони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковник Баҳром Қосимов ва капитан Абдулазиз Холов вохӯрии ғайринавбатӣ оид ба ташкилотҳои динӣ, ифродгарона, ки дар қаламрави вилоят фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд, доир карда шуд.
|
|
Муфассал...
|
|
Конфронсҳои илмии соли 2013 |
Конфронсҳои илмии устодон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (рӯзҳои 13-20 апрели соли 2013)
Конфронси илмии устодон муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи 13 апрели соли 2013 дар толори калони раёсат кушода шуд. Имсол ин чорабинӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шуд. Қаблан Барномаи ҳафтаи конфронс бо сифати баланд нашр ва ба раёсати факултет ва роҳбарони бахшҳои дастрас гардиданд. Ҷаласаи ифтитиоҳии конфронсро ректори донишгоҳ Усмонов Ғ.Ҳ. кушода, устодону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёнро ба оғози ин чораҷӯии бузург хайрамақдам гуфт.
Дар марсими ифтитоҳӣ се маърӯза шунида шуд. Маърӯзаи мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дотсент Нуров Н. «Ҳидоятномаи офаринандагӣ» ном дошта, бардошти мавсуфро аз мулоқоти Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар дар бар мегирифт. Маърӯзаи дувум ба зарурат ва моҳияти эълони соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шуд, ки дар ин мавзӯъ мудири кафедраи географияи иқтисодӣ, дотсент Хоҷаев М. суханронӣ кард. Маърӯзачӣ бо далелҳои қотеъ зарурати соли ҳамкорӣ дар соҳаи обро бозгӯй намуд. Сипас аз байни донишҷӯён донишҷӯи курси аввали факултети кибернетика Комилова С. дар мавзӯи «Ақидаҳои иқтисодии Абӯалӣ ибни Сино» суханронӣ кард.
Баъд аз ифтитоҳи конфронс рӯзҳои 15-19 апрели соли равон кори конфронс дар бахши устодону олимони ҷавон ва донишҷӯён идома ёфт. Дар 68 бахши устодону муҳаққиқони ҷавон 595 маърӯза ва дар 64 бахши донишҷӯён 572 маърӯза, дар маҷмӯъ 1167 маърӯза ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Бахшҳои конфронс масъалаҳои муҳимтарини илми муосирро фаро гирифта, дар он на танҳо олимони варзида, балки муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён низ натиҷаи таҳқиқоти илмии худро пешниҳод ва вазифаҳои ояндаи худро муайян карданд.
|
|
Муфассал...
|
|
|
|
|
<< Аввалин < Пешина 1 2 3 4 5 Минбаъда > Охарин >>
|
|
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL |