​Конференсия: “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

Бо ташаббуси кафедраи электроника бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсия илмӣ – тарбиявї доир гардид.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун маҳсуб меёбад.

Дотсенти кафедраи “Њуќуќшиносї” Бобоев Абдуазиз перомуни мавзуи “Њуќуќ ва озодињои инсон” маърӯза намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявир ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ марбут донистаанд.Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор меравад” – зикр шуд зимни ироаи маърӯза.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ