​Маҳфили “Равшангари бузург”

Дар кафедраи адабиёти муосири тоҷик таҳти унвони “Равшангари бузург” маҳфили илмӣ гузаронида шуд. Дар маҳфил аъзои кафедра ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Маҳфили мазкур бахшида ба 146 – солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ташкил гардид.

Дар маҳфил ду маърӯзаи илмии магистрантон – Дадобоева Сабрина дар мавзуи “Саҳми устод Айнӣ дар ташаккули шеъри нави тоҷик” ва Гулваши Иброҳим таҳти унвони “Тасвири ҳаёти мадраса дар “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” шунида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён аз ашъори устод Айнӣ шеърҳо қироат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ