​Ҷанбаҳои муҳими Навоишиносӣ дар Тоҷикистон

Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қаюмова Фирӯза дар конфронси байналмилалии "Навоишиносии ҷаҳон" иштирок намуд.

Конференсияи мазкур дар Академияи улуми ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, доираи васеи адабиётшиносон ва олимону муҳаққиқонро ба ҳам овард.

Иттилоъ дода шуд, ки дотсент Қаюмова Фирӯза дар мавзуи "Ҷанбаҳои муҳими Навоишиносӣ дар Тоҷикистон" маърӯза намуд.

Хотиррасон менамоем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 20 донишгоҳ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон равобити судманд дошта, дар доираи он силсилаи тадбир ва чорабиниҳо роҳандозӣ мегарданд, ки иштироки устодон дар конфронсҳо аз зумраи инҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ