​Конференсияи апрелӣ: Ироаи маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби донишҷӯён

Конференсияи апрелии бахши донишҷӯён дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов доир шуд. Ин ташаббус бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар конференсия дар мавзуъҳои “Анализи математикӣ дар ҳалли масъалаҳои истеҳсолот”, “Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар биология ва химия”, “Суммирование расходящихся рядов”, “Оид ба усули ёфтани ҳалҳои бефосилаи як синфи муодилаҳои умумикардашудаи Коши-Риман бо нуқтаи сингулярӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ