​Гиромидошти хидматҳои Муҳиддин Аминзода ва Муҳсин Аминзода

Дар толори факултети филологияи тоҷик маҳфили илмиву адабии “Баҳористон” баргузор гардид. Маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба муносибати 120-солагии адиби маъруф Муҳиддин Аминзода ва 70-солагии шоир ва журналисти шинохта Муҳсин Аминзода доир шуд.

Маҳфилро декани факултет профессор Ӯлмасзода Замира ифтитоҳ бахшида, аз хидмату осори Муҳиддин Аминзода ва Муҳсин Аминзода таъкид дошт.

Дар доираи маҳфил як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Доктори илмњои филологї, профессорон Файзуллоев Нуъмонҷон ва Тоҷибой Султонӣ дар мавзуъҳои “Шоир ва мутарҷими соҳибноми тоҷик” ва “Инъикоси ҳақиқати таърихӣ дар достони “Падарам шоир буд”-и Муҳсин Аминзода” маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби дотсент Аъзамов Субҳон перомуни “Муҳиддин Аминзода – шоир, суханвар ва тарҷумон” маърӯза шунида шуд.

Дар идома нависандаи шинохта Маъруф Бобоҷон хотироти хешро дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Муњиддин ва Муњсин Аминзода баён дошт.

Барои иштирокчиён аз Хона-музейи Муҳиддин Аминзода намоишнома пешниҳод шуд.

Шоири шинохта, фарзанди Муњиддин Аминзода Муҳсин Аминзода аз осору фаъолияти падараш сухан карда, ҳамчунин аз ашъори худ намунаҳо қироат кард.

Дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидов Саидумрон дар бораи фаъолияти журналистї ва барномањои телевизионии Муҳсин Аминзода сухан кард.

Ҳамзамон, андешаву хотираҳои мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мавлонова Мутриба шунида шуд.

Дар қисмати бадеӣ-фарҳангӣ донишҷӯён аз ашъори шоирон намунаҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ