​Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аксияи “Тоҷикона мепӯшем” идома дорад. Аксияи мазкурро дар факултетҳои донишгоҳ бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Бонувони донишҷӯдухтарони факултетҳо бо либоси миллии атлас, адрас ва чакан ҷиҳати тарғиби фарҳангу арзишҳои миллӣ саҳм гузоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ дар байни занону бонувон шуруъ аз 1-уми март то 31-уми май аксияи “Тоҷикона мепӯшем”эълон карда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ