​Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист...

Дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техника, бо ташаббуши кафедраи методикаи таълими физика чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист...” бахшида ба ёдбуди профессорон Ҷалол Латифов, Абдуалӣ Абдуманнонов, Ҳотам Муртазоев, Масаид Шерматов, Усуфхӯҷа Султонов, дотсентон Эсанбой Исоқов, Муҳаммадҷон Маҳмудов ва Нӯмонҷон Ҳаитов баргузор гардид.

Чорабиниро дотсент Парвиз Пӯлодов - декани факултет ифтитоҳ намуда, аз хидматҳои устодон ёдовар шуд.

Сипас, профессор Ҳайдар Саидов роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти устодон ва нақши онҳо дар таҳкими корҳои илмии факуклтет ибрози назар намуд.

Дар идома донишҷӯён перомуни зиндагиномаи устодон маърӯза ироа намуданд.

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт, Мӯминҷон Шамсидинов дар мавзӯи “Ҷойи онҳо дар дида буд, акнун ба дилҳо рафт” баромади пурмӯҳтаво намуда, афзуд, ки эшон дар тӯли фаъолияти пурсамар ба омода кардани омӯзгорон ва физикҳои оянда саҳми арзанда гузошта омадаанд.

Дар фарҷом доир ба ҳаёт ва фаъолияти устодон лавҳаҳои видеоӣ намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ