​Зан-модар чароғи маърифат аст

Дар толори факултети физикаю техника таҳти унвони “Зан-модар чароғи маърифат” ҷаласаи навбатии маҳфили “Зан ва ҷомеа” баргузор шуд.

Дар маҳфил намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҷидзода Муҳаббат, раиси Шӯрои занҳои донишгоҳ Султонова Гулбаҳор, раиси маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” Раҷабова Зулфия, декани факултет Қаюмзода Абдумалик ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Маҳфилро декани факултет ифтитоҳ намуда, қайд намуд, кимақеи занон дар ҷомеа хеле баланд аст. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Раиси Шӯрои занҳои умумидонишгоҳӣ Султонова Гулбаҳор дар бораи нақши бонувон дар таҳкими фаъолияти донишгоҳ суханронӣ намуд.

Дар қисмати фарҳангӣ дар васфи омӯзгор шеъру гуфтор ва лавҳаю тарона шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ