​Заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии сиёсати экологӣ

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ – маърифатӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040, таҳти унвони «Заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувори ҷомеа» баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедра, дотсент Музаффар Дадобоев оғоз бахшиданда, аз мақсаду мароми он ёдовар шуд.

Дар идома баромадкунандагон роҷеъ ба механизми ҳифз ва истифодаи оқилонаи табиат мувофиқи қонунгузории ҷазоиҶумҳурии Тоҷикистон ва нақши кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ҷиноятҳои экологӣ ибрози назар намуданд.

Дар интиҳо перомуни мавзуҳои баррасишуда миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ