​Захираҳои замин ва истифодабарии самаранокии он

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм таҳти унвони «Захираҳои замин ва истифодабарии самаранокии он" конференсияи илмӣ – амалӣ гузаронида шуд. Ин иқдом бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар хобгоҳи духтарони донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Дар конфронс декани факултет, муовинони декан, мудири кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсияро мудири кафедра дотсент Дадобоев Музаффар ҳусни оғоз бахшид.

Аз ҷониби омӯзгорон маърӯзаҳо шунида шуд. Бо муҳокимаи масъалаҳо ва табодули афкор конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ