ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ: ДАСТОВАРДИ НАВИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 2 октябри соли 2026 даври ниҳоии Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Ин озмун соли сеюм аст, ки барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” доир мешавад.
Озмуни байналмилалии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асрсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ доир мегардад.
Дар маросими ифтитоҳии озмун намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин озмун донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ аз 9 равияи забонҳо: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, забони хитойӣ, забони олмонӣ, забони фаронсавӣ, забони арабӣ, забони ӯзбекӣ ва забони форсӣ ширкат варзида, сатҳу донишу маҳорати хешро нишон доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин озмуни сатҳи байналмиалалӣ аз 21 донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва 5 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ 126 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз рӯйи равияҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ байни ҳам рақобат карданд.
Дар натиҷа ҷойҳои дуввумро аз равияи забонҳои фаронсавӣ ва арабӣ, донишҷӯёни бахши панҷуми факултети забонҳои шарқ Дадоҷонова Навбаҳор ва Мирзораҳимзода Абдуманнон соҳиб гаштанд. Ҷойи саввум аз равияи забони олмонӣ ба Охунова Мавлуда, донишҷӯи бахши панҷуми факултети забонҳои хориҷӣ сазовор дониста шуд. Шодибоева Тахмина, донишҷӯи бахши панҷуми факултети забонҳои шарқ аз равияи забони хитоӣ ва Бобоева Маҳина, донишҷӯи бахши якуми факултети филологияи рус аз равияи забони русӣ бо ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардиданд.