ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ
«Сайёҳӣ – омили рушди устувор ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ» таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, бо иштироки олимону муҳаққиқон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳа дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар бахши пленарӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва заминаҳои ҳуқуқии соҳа, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рушди сайёҳӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими рақобатпазирии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин конфронс дар баробари дигар олимону муҳаққиқон, докторанти факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба неоми академик Б.Ғафуров” Нурматов Шодмон дар мавзуи “Имконот, мушкилот ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон” маъруза намуд.
Таъкид гардид, ки сайёҳӣ имрӯз танҳо воситаи истироҳат нест. Он ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, мероси таърихию фарҳангии ғанӣ ва имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва таърихию фарҳангӣ метавонад мавқеи худро дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Баргузории чунин конференсияҳо барои баррасии масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.