​Воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим бо ташаббуси раёсати таълим ва шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар доираи ин иқдом аъзои гуруҳи корӣ ба дарси як қатор омӯзгорон иштирок намуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби намояндагони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот иштирок ба дарси кушоди омӯзгори ҷавон, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллима Бобоҷонова Мадина ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод аз фанни воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик гузаронида шуд.

Мавзӯи дарси кушод "Баҳогузорӣ ба нақли хаттӣ, иншо ва эссе" унвон дошт. Омӯзгор дар ҷараёни дарси кушод аз тахтаи интерактивӣ, слайди омӯзишӣ, адабиёти илмиву методӣ, усулҳои фаъоли таълим, варақаҳои тестӣ, саволномаҳо, усули муаммогузорӣ истифода намуд.

Дар ҷамъбасти дарс аз ҷониби масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим тавсияҳо манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ