Вазир: Донистани забони англисӣ ва русӣ эътибори хоса дорад!

Санаи 25-уми марти соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Ин ташаббус дар доираи сафари кории вазир ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, дар доираи ин сафар вазирро Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми азир ҳамроҳӣ намуд.

Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ Абдуфаттоҳ Раҳимов ва дигар масъулини раёсат пешвоз гирифтанд.

Вазир аз як қатор факултетҳои донишгоҳ дидан намуда, бо сатҳи таълим ва сифати таҳсилот шинос гардид. Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз факултети санъати тасвирӣ ва технология боздид намуда, бо арт — галерея, синфхонаҳои кандакорӣ ва рассомӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарсҳои амалии фанҳои тахассусӣ дар кабинетҳои таълимӣ сурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён дониши назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд. Ҳамзамон, маҳсули эҷоди донишҷӯён ба вазир нишон дода шуд.

https://pressa.tj/tajikistan/vazir-donistani-zabon...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ