​Ватанпарастӣ – арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия

Таҳти чунин унвон дар кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо иштироки устодону донишгҷӯён семинар баргузор гардид.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия Гулшан Ҳошимова ба кори семинар оғоз бахшида, перомуни арзишҳои муқаддаси ватанпарастӣ ибрози назар намуд. Баъдан, дотсент Шоира Вализода, мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дар мавзуи “Моҳият ва мундариҷаи тарбияи ватандӯстии мактаббачагон дар замони муосир” маърӯза ироа намуд. Ҳамчунин, дастури таълимӣ-методии Шоира Вализода таҳти унвони “Тарбияи ватандустии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар замони муосир” муаррифӣ гардид.

Дар идома декани факултет дотсент Усмонзода Даврон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ниёзҳои ҷомеаи имрўзи мо зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро тақозо намуд, кимавриди амал қарор гирифтани он барои болоравии ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши муассир хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ